МУҲОҶИРОН

ПАРВАНДАИ ЯК ЗОДАИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУСИЯ БАРОИ ДУЗДИИ ПУЛ ВА ОТАШ ЗАДАНИ КАЛИСО

Дар вилояти Оренбурги Русия тафтиши парвандаи ҷиноятии як шаҳрванди 31-солаи Тоҷикистон ба поён расонда шуд. Ин муҳоҷири тоҷик ба дуздии пул ва оташ задани ду ҳуҷра дар калисои саҳобаҳои муқаддас Пётр ва Павели калисои православии Русия дар Новотроитск айбдор мешавад. Ба шаҳрванди Тоҷикистон барои дуздӣ то 6 соли зиндон ва барои оташ задани бинои калисо 2 соли дигари зиндон таҳдид мекунад.

Худи муҳоҷири тоҷик барои шарҳи қазия дастрас нест, вале бино ба фарзияи тафтишот, ӯ дар ин калисо ба тармим ё реставратсияи зинапояҳо машғул буд ва тасодуфан хабар ёфтааст, ки пулҳои калисоро дар куҷо нигоҳ медоранд. Гумонбаршаванда як шаб бо кӯмаки отвёртка дари ҳуҷраи калисоро кушода, 58 ҳазор рубл, муодили ҳудуди 900 долларро дуздидааст ва сипас барои пӯшодани изи ҷинояташ, ду ҳуҷраи калисоро оташ задааст. Баъди ин, ӯ ба Оренбург ва аз онҷо ба Маскав рафтааст, вале кормандони пулис ӯро дар пойтахти Русия дастгир карда, ба Оренбург овардаанд.

Ташхис маблағи зарари ба калисо расондашударо дар натиҷаи амалҳои ин муҳоҷири тоҷикро беш аз як миллион рубл, ё тақрибан 17 ҳазор доллар баровард кардааст.

Гуфта мешавад, ки муҳоҷири тоҷик ҳангоми боздошташ гуноҳро ба гардан гирифт, вале дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ аз баёноти қаблиаш даст

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button