ВарзишМинтақа ва ҶаҳонТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Даҳ голи футболбозони тоҷик ба дарвозаи Русия: Пирӯзии дастаи футзали Тоҷикистон

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов дар бозии дӯстона тими Русияро шикаст дод

ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Дар Қасри теннис ва намудҳои варзиши обии Маҷмааи универсалии варзишии шаҳри Душанбе бозии дӯстона миёни тимҳои миллии футзали Тоҷикистон ва Русия доир гардид.

Дастаи Тоҷикистон дар ин бозӣ маҳорати баланд нишон дода бар ноиби қаҳрамони Аврупо пирӯз шуд. Бозӣ бар ҳисобӣ 10 ба 7 ба фоидаи тими Тоҷикистон анҷом ёфт.

Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби Русия, ноиби қаҳрамони Аврупо, рӯзи якшанбе, 6-уми ноябр, ба Душанбе омад.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмононро роҳбарони Федератсияи футболи Тоҷикистон пешвоз гирифтанд. Ҳайати мунтахаби футзали Русия дар меҳмонхонаи “Румӣ” ҷой гирифт.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button