Умумӣ

ҲАЛОКАТИ 8 НАФАР ДАР 4 САДАМАИ ПУРҚУРБОНӢ ДАР ИШКОШИМУ ДАНҒАРА ВА ВОСЕЪ

ҲАЛОКАТИ 8 НАФАР ДАР 4 САДАМАИ ПУРҚУРБОНӢ ДАР ИШКОШИМУ ДАНҒАРА ВА ВОСЕЪ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзҳои 4-6 ноябри соли 2022, дар 4 садамаи маргбор дар ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва дар ноҳияҳои Данғара ва Восеъи вилояти Хатлон 8 нафар ба ҳалокат расида, дастикам 9 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Аз ҷумла 4-уми ноябри соли 2022, тахминан соати 17:23, ронандаи мошини боркаши тамғаи “Долун”, Маҳмудов Иброҳим Исроилович, соли таваллудаш 1969, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти ноҳияи Темурмалик, дар ҳудуди ноҳияи Данғара бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба мошини тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи Муртазоев Саидтоҷиддин Саидмуҳаммадович, соли таваллудаш 1980, сокини шаҳри Душанбе, ки дар дохилаш боз 5 мусофир дошт, бархӯрдааст.

Дар натиҷа, ронандаи “Опел” Муртазоев С.С. ва мусофиронаш Сафарова Нигина Сайфуллоевна, соли таваллудаш 1983, ва Сайфуллоев Шамсулло Зоирович, соли таваллудаш 2021, ҳарду сокини ноҳияи Фархор, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд…

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button