ТОҶИКИСТОН

ЯК ШАҲРВАНДИ ТОҶИК ДАР ҲАМЛАИ ТЕРРОРИСТӢ ДАР ШЕРОЗИ ЭРОН АЙБДОР МЕШАВАД

ЯК ШАҲРВАНДИ ТОҶИК ДАР ҲАМЛАИ ТЕРРОРИСТӢ ДАР ШЕРОЗИ ЭРОН АЙБДОР МЕШАВАД

Вазорати иттилооти Эрон рӯзи 7 ноябри соли 2022 бо нашри як иттилоияи расмӣ хабар дод, ки ҳамаи 26 нафари дастгиршуда дар робита ба ҳамлаи террористии рӯзи 26 октябр ба макони барои шиъаҳо муқаддаси Шабчароғ дар шаҳри Шероз ғайриэронӣ буда, шаҳрвандони Озарбойҷон, Афғонистон ва Тоҷикистон мебошанд. Бино ба ин иттилоия, “унсури аслии ҳидояти амалиёт табааи Озарбойҷон будааст. Омили тирандозӣ табааи Тоҷикистон буд”. Вазорати иттилооти Эрон, ки умури амнияти Ҷумҳурии исломиро бар дӯш дорад, дар бораи боздоштҳои суратгирифта ва ҷараёни таҳқиқи парвандаи ҳамлаи Шероз ҷузъиёти дигар надодааст. Ин бори аввал аст, ки як шаҳрванди Тоҷикистон дар Эрон бо иттиҳоми даст доштан дар ҳамлаи террористӣ дастгир мешавад.

Рӯзи 26 октябри соли 2022 се нафари силоҳбадаст бо мошини “Пежо” аз тарафи кӯчаи 9-ум вориди майдони назди ҳарами Шаҳчароғ дар шаҳри Шерози устони Форс шуда, болои издиҳоми зоирон оташ кушоданд. Дар натиҷа дастикам 15 нафар, аз ҷумла занону кӯдакон, кушта шуда, 27 нафар ҷароҳат бардоштанд. Гуфта мешуд, ки тирандозро кормандони пулису амният бо оташи ҷавобӣ маҷруҳ ва дастгир кардаанд, вале ӯ дар бемористон ҷон бохтааст. Маълум нест, ки тирандози кушташуда ҳамон шаҳрванди Тоҷикистон будааст ё каси дигар?

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button