Хабарҳои кӯтоҳҶомеа

Раиси Душанбе ба Раҳимов хона ва ба Халифаев пул дод

Варзишгарони тоҷике, ки дар мусобиқаи Тоскулоҳи бузурги Боку 2022 ё худ «Baku Grand Slam 2022» медал ба даст оварданд, соҳиби туҳфҳои гаронарзиш шуданд

ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Шаҳрдори Душанбе, Рустами Эмомалӣ ҷудокорони тоҷик, Темур Раҳимов ва Муллораҷаб Халифаевро қадрдонӣ кард.

Ба иттилои шаҳрдорӣ, раиси Душанбе ба Темур Раҳимов барои гирифтани ҷои якум ва ба даст овардани медали тило дар мусобиқаи Тоскулоҳи бузурги Боку 2022 хонаи 2-ҳуҷрагӣ дод. Таъкид шудаст, ки хонадар пойтахт ҷойгир буда, бо тамоми шароити рӯзгор таъмин мебошад.

Муллораҷаб Халифаев, ки дар Боку ба ҷои дуюм ва гирифтани медали нуқра даст ёфт, аз сӯи раиси Душанбе бо 100 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button