ВарзишМинтақа ва ҶаҳонТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Аввалин дар таърих: Раҳимов нишони тилои Тоскулоҳи бузургро соҳиб шуд

Темур Раҳимов дар вазни беш аз 100 кило дар Боку аввалин нишони тилоро дар таърихи ҷудои Тоҷикистон дар мусобиқаҳои Гранд Слам ё худ Тоскулоҳи бузург соҳиб шуд

ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Ҷудокори тоҷик, Темур Раҳимов дар даври ниҳоии мусобиқаи «Baku Grand Slam 2022» рақиби ӯзбек — Алишер Юсуповро бо имтиёзи иппон шикаст дода, барандаи ҷои аввал шуд.

Ба иттилои телевизиони «Варзиш», Раҳимов аввалин нишони тило дар таърихи ҷудои меҳан дар мусобиқаҳои Гранд Сламро ба даст овард.

Ҳамчунин таъкид шудааст, ки ҷудокори тоҷик бо ҳунарнамоияш дар «Baku Grand Slam 2022» соҳиби 1000 имтиёзи олимпӣ гардида, мавқеашро дар садри ҷадвали беҳтаринҳо ҳифз намуд.

Маврид ба зикр аст, ки дар даври аввал Темур Раҳимов озод буда, дар даври дуюм Серафим Компаниез аз Исроилро дар ҳолати «осаикоми» нигоҳ дошта, шикаст дод.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button