ТОҶИКИСТОН

ЯК СОКИНИ 66-СОЛАИ ДУШАНБЕ ДУХТАРИ 11-СОЛААШРО ЗАДА-ЗАДА КУШТААСТ (ВИДЕО)

ЯК СОКИНИ 66-СОЛАИ ДУШАНБЕ ДУХТАРИ 11-СОЛААШРО ЗАДА-ЗАДА КУШТААСТ (ВИДЕО)

Дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон як марди солхӯрда духтари ноболиғашро ба дуздии пули дорувораш айбдор карда, кӯдаки оҷизро бо як бераҳмии махсус то мурданаш латтукӯб кардааст. ВКД ин ҷиноятро “нанговартарин ҷиноят” номид ва гуфт, “мутаассифона, ҷаҳлу разолат баъзан дар вуҷуди бархе инсонҳо то андозае реша медавонад, ки ҳатто қасди ҷони азизони худ мекунанд ва дасти худро ба хун оғӯшта месозанд”.

Бино ба гузориши нашршуда, шаҳрванд Саидов Гурез Шарипович, сокини 66-солаи кӯчаи Хайрободи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе рӯзи 28 октябри соли 2022 духтари 11-солааш Мадина Саидоваро дар дуздидани пулҳое, ки барои харидани доруворӣ ҷамъ карда буд, гунаҳкор карда, ӯро шадидан латтукӯб кардааст. Гурез Саидов дар гузориш мегӯяд, дигар дар ёдаш нест, ки он рӯз ба бадани духтараш бо чӯбу калтаку мушту лагат чанд зарба зад. То кунун маълум нест, ки оё пулҳои гумшудаи Гурез Саидовро духтари бо бераҳмии махсус кушташудааш гирифта буд ё он пулҳоро дар дигар ҷо гум кардааст? Худи Гурез Саидов исрор меварзад, ки гӯё Мадина баъди латтукӯбаш иқрор кардааст, ки пулҳоро ӯ гирифтааст. Вале ин ки ӯ ин корро дар ҳақиқат карда буд ё дар натиҷаи шиканҷа маҷбур шуд, ки гуноҳи нокардаро ба гардан бигирад, дигар як суоли беҷавоб боқӣ мемонад. Сирри ин корро Мадина ғӯррамарг бо худ ба гӯр бурд…

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button