Минтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Муҷоҳид: Кушта шудани раҳбари Ал-қоида* ҳанӯз исбот нашудааст

Сухангӯи толибон бори дигар иддаои Амрико дар бораи кушта шудани Айман Завоҳирӣ, раҳбари гурӯҳи Ал-қоидаро* дар Кобул зери суол бурд

ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Сухангӯи давлати толибон Забеҳуллоҳ Муҷоҳид дар нишасти ахираш таъкид кардааст, ки иддаои амрко дар бораи кушта шудани Айман Завоҳирӣ, раҳбари гурӯҳи Ал-қоида то кунун собит нашудааст.

Сухангӯи толибон дар мусоҳиба бо рӯзномаи “Диҷиталии Исломобод Телеграф” гуфт, Иёлоти Муттаҳида чанде пеш пас аз ҳамлаи ҳавоӣ ба як манзили маскӯнӣ дар Кобул иддао кард, ки Оқои Завоҳири раҳбари Ал-қоъидаро кушта, аммо то кунун ин масъала собит нашудааст.

ӯ афзуд, ки дар ин маврид ҳукумати толибон эътирози худро бо Амрико дар миён гузоштааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button