ТОҶИКИСТОН

АЗ ҶАРИМА ТО 5 СОЛИ ЗИНДОН — ҶАЗО БАРОИ ШИКОРИ БАБРИ БАРФӢ ДАР ТОҶИКИСТОН САНГИНТАР ШУД

АЗ ҶАРИМА ТО 5 СОЛИ ЗИНДОН — ҶАЗО БАРОИ ШИКОРИ БАБРИ БАРФӢ ДАР ТОҶИКИСТОН САНГИНТАР ШУД

Тибқи иловаи нав воридшуда ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон — моддаи 2321 барои шикор ё қасдан нобуд кардани бабри барфӣ — бо ҷарима ба андозаи аз 800 то 1200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то ду сол ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то се сол ҷазо дода мешавад. Ҳамин кирдор, агар аз ҷониби шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ, аз тарафи гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ё аз ҷониби гурӯҳи муташаккил содир гардида бошад, дар ҳудуди мамнӯъгоҳ, парваришгоҳ ё дар минтақаи офати экологӣ ё минтақаи вазъияти фавқулодаи экологӣ содир шуда бошад -бо ҷарима ба андозаи аз 1500 то 2000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз се то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то панҷ сол ҷазо пешбинӣ шудааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button