Минтақа ва ҶаҳонТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Тоҷикистон дар Русия имконоти сайёҳии худро намоиш медиҳад

Ин ҳамоиш имконе барои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил хоҳад буд, то равобиташонро дар самти сайёҳӣ тақвият ва таҷорубашонро мубодила кунанд

ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Тоҷикистон дар ҳамойиши байналмилалии гардишгарии Travel Hub «Commonwealth», ки рӯзҳои 9-10 ноябр дар Санкт-Петербург баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард.

Ин ҳамоиш дар Қасри таврия – қароргоҳи Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад.

Қарор аст, ки ҷумҳурӣ дар намоишгоҳи сайёҳӣ имконоти доштааш дар ин соҳаро муаррифӣ мекунад ва дар ҷаласаи муаррифии “Массари нав” ширкат хоҳад кард.

Масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа иқтидори сайёҳии кишварҳо ва минтақаҳои ИДМ, сайёҳии тиббию экологӣ, тамоюлҳои саноати ҷаҳонӣ дар замони ноором барои он, дурнамои ивази воридот дар тамоми сатҳҳои он мебошанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button