Хабарҳои кӯтоҳҶомеа

Нархи сӯзишворӣ дар шимоли Тоҷикистон боло рафт

Кормандони нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ бар ин назаранд, ки афзоиши қимати гази моеъ ба ҳаҷми хариду интиқоли сӯзишворӣ ба кишвар рабт дорад

ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Дар вилояти Суғд қимати гази моеъ боло рафт.

Ҳамакнун дар маркази шимоли кишвар 1 литр сӯзишвориро 20-30 дирам гаронтар мефурӯшад.

Ба ҳолати 1 ноябр дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории маркази маъмурии вилояти Суғд 1 литр гази моеъ бо қимати 6,30-6,50 сомонӣ ба фурӯш меравад.

Қобили зикр аст, ки арзиши сӯзишвории кабуд ду рӯз пеш 6,00-6,10 сомониро ташкил медод.

Нархи бензин ба таври зерин тақсим карда мешавад: АИ-92 — 9,30 сомонӣ; АИ-95 — 10.00 сомонӣ.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button