Минтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Маҳбубияти Тоҷикистон миёни ӯзбекҳо тақрибан панҷ баробар афзудааст

Сайёҳон аз Ӯзбекистон барои сафарҳои хориҷии худ бештар Тоҷикистонро интихоб карданд — аз аввали сол 535,1 ҳазор ӯзбекистонӣ ба кишвари ҳамсоя сафар кардаанд

ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Шаҳрвандони Ӯзбекистон бештар ба Тоҷикистон сафар мекарданд. Дар ин бора маълумотҳои Кумитаи давлатии омори ин кишвар шаҳодат медиҳанд.

Ба ин тартиб, то 1 октябр аз аввали сол 535,1 ҳазор шаҳрванди Ӯзбекистон ба Тоҷикистон сафар кардаанд.

Ҳамин тариқ, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ин нишондод 4,9 баробар афзуд. Дар маҷмӯъ дар 9 моҳ 3,9 миллион шаҳрванди Ӯзбекистон ба сафари хориҷӣ рафтаанд.

Дар байни самтҳои пешқадам кишварҳои ҳамсоя низ ҷойгиранд. Ба ҷуз аз Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон низ миёни ӯзбекҳо маҳбубият пайдо кардаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button