Минтақа ва ҶаҳонТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Паём ба президенти нав: Тоҷикистон ҳавасманди таҳкими ҳамкорӣ бо Бразилия аст

Президенти Тоҷикистон дар паёмаш ба роҳбари тозаинтихоби Бразилия омодагияшро барои таҳкиму тавсеаи минбаъдаи дӯстию ҳамкорӣ баён доштаст

ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба президенти тозаинтихоби Бразилия Луис Инасиу Лула да Силваро бо пирӯзияш дар интихобот шодбош гуфт.

Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш барои Лула да Силва сиҳатмандии комилу дар иҷрои ваколатҳои сермасъулаш комёбиҳо, ва ба мардуми Бразилия сулҳу субот ва рифоҳу шукуфоии рӯзафзун орзу намудаст.

«Тоҷикистон алоқаманди таҳкиму тавсеаи минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманд бо кишвари Шумо дар ҳама арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мебошад», — изҳор дошт ӯ.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button