Минтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Дар ҷашни Ҳелловин дар Сеул як донишҷӯдухтари қазоқ ҷон бохтааст

Сокини 26-солаи шаҳри Оқтеппаи Қазоқистон Мадина Шерниёзова, ки рӯзи 29 октябр дар ҷараёни таҷлил аз ҷашни Ҳелловин дар шаҳри Сеул ҷон бохт, дар яке аз донишгоҳҳои олии Куриёи Ҷанубӣ таҳсил мекардааст.

Гулбон Шерниёзова, модари Мадина ба бахши қазоқии Радиои Озодӣ гуфтааст, духтараш пеш аз рафтан ба ҷашни Ҳелловин бо хоҳари калонии худ видеоӣ тамос гирифта буд ва «табъи идона» дошт.

«Шавҳарам ба шаҳри Алмато рафт, то тавассути парвози махсус ба Сеул сафар кунад. Умедворем, ҷасади духтари моро пагоҳ ба Оқтеппа интиқол диҳанд. Масъулони сафорати Қазоқистон дар Куриёи Ҷанубӣ бо мо тамос гирифта, гуфтанд, ки кумак мекунанд», — изҳор дошт модари Мадина.

Ҳангоми таҷлил аз ҷашни «Ҳелловин» дар Кореяи Ҷанубӣ 151 нафар, аз ҷумла 19 хориҷӣ, ҷон бохтаанд. Мақомоти Кореяи Ҷанубӣ гуфтанд, ҳодиса шаби 29-уми октябр ва дар пайи таҷаммӯи даҳҳо ҳазор нафар дар кӯчаҳои тангу борик рӯй дод. Бисёриҳо зери пой мондаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button