СиёсатТОҶИКИСТОН

ТОҶИКИСТОН ДАСТ ДОШТАНАШ ДАР ИСТЕҲСОЛИ “ДРОНҲОИ “ҚОТИЛИ УКРАИНИҲО”-РО РАД КАРД

ТОҶИКИСТОН ДАСТ ДОШТАНАШ ДАР ИСТЕҲСОЛИ “ДРОНҲОИ “ҚОТИЛИ УКРАИНИҲО”-РО РАД КАРД

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 30 октябри соли 2022 бо нашри як шарҳи расмӣ дар саҳифааш дар Фейсбук ва каналаш дар Телеграм иддаои журналисти украинӣ Дмитрий Гордонро дар бораи гӯё дар Тоҷикистон истеҳсол шудани ҳавопаймоҳои бесарнишини Эрон, ки барои “куштани украиниҳо” истифода мешаванд, расман рад кард.

“Таъкид мекунем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба содироти техникаи ҳарбӣ ба кишварҳои сеюм машғул нест. Ба ҷаноби Гордон тавсия медиҳем, ки дар оянда ба чунин навъ шарҳҳо бо таваҷҷуҳ муносибат кунад ва дурустии маълумотеро, ки нашр мекунад, бисанҷад”, — гуфта мешавад дар изҳорот. Идораи сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҳамчунин хабар дод, ки дар бобати ин масъала ҷониби Тоҷикистон аз мақомоти расмии Киев ягон дархости расмӣ нагирифтааст.

Журналисти украинӣ Дмитрий Гордон Тоҷикистонро ба он айбдор кард, ки ҳавопаймоҳои бесарнишини эроние, ки ба таъбири Гордон, “ русҳо баъдан бо онҳо украиниҳоро мекушанд”, дар Тоҷикистон сохта мешаванд. «Ман мехоҳам такрор кунам, ки эрониҳо дар Тоҷикистон дронҳоеро месозанд, ки баъдан русҳо бо онҳо украиниҳоро мекушанд”, — изҳор дошт Дмитрий Гордон дар пахши мустақил дар канали “В гостях у Гордона” дар Ютуб. Ӯ аз вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хост, ки агар ин маълумот дуруст набошад, онро расман рад кунад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button