Минтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Путин аз эҳтимоли ворид шудани ҷангҷӯён ба ИДМ ҳушдор дод

Раиси ҷумҳури Русия гуфт, аъзои гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” (ДОИШ) ва созмонҳои дигари террористӣ талош доранд, ба қаламрави кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ворид шаванд.

Владимир Путин дар ин бора шоми 26-уми октябр дар ҷаласаи 51-уми Шӯрои раҳбарони сохторҳои амниятӣ ва хадамоти вижаи кишварҳои узви ИДМ суҳбат кард, вале нагуфт, ки далелаш чист.

Ӯ афзуд, «таҳдиди гурӯҳҳои ДОИШ, «Ал-Қоида» ва гурӯҳҳои дигари террористӣ кам намешавад. Онҳо талош мекунанд, ба кишварҳои Муштарак-ул-Манофеъ ворид шуда, гурӯҳҳои пинҳонӣ ташкил кунанд,»

«Таҷаммӯи ҷангҷӯён дар сарҳади Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, бешубҳа, хатари рахна кардан ба ин минтақаро эҷод мекунад,» – илова кард Путин.

Дар ҳоле ки далели гуфтаҳои Путин оварда намешавад, ба қавли баъзе аз манобеъ, пас аз шурӯи ҷанги беасоси Русия алайҳи Украина, Кремл садҳо низомияшро аз пойгоҳи 201-и воқеъ дар Тоҷикистон ба Украина бурд. Ин ҳолат нигарониҳои амниятиро аз вазъи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон эҷод кард.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button