Минтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Мухолифони қазоқ барои сабтиноми ҳизби нав бори панҷум санад пешниҳод карданд

Гуруҳе аз фаъолони Қазоқистон 26-уми октябр барои сабтиноми ҳизби мухолифи «Алга, Қазоқистон!» бори панҷум ба Вазорати адлияи ин кишвар ҳуҷҷат пешниҳод карданд.

Ташаббускорони таъсиси ҳизби нав ба бахши қазоқии Радиои Озодӣ гуфтанд, барои сабтиноми ҳизб ҳазорҳо имзо ҷамъ кардаанд. «Панҷ ҳазор кас имзо гузоштанд. Вале баъди санҷиши дақиқ мо имзои 2245 нафарро пешниҳод кардем. 1250 каси имзогузоштаҳо худро бо ҳуҷҷатҳояшон навор гирифтаанд», — гуфт узви гуруҳ Асет Абишев.

Даҳҳо сокини вилоятҳои гуногуни Қазоқистон барои дастгирии гуруҳи ташаббускор ба пойтахти он кишвар рафтаанд.

Ин гуруҳ 5 май, 18 апрел, 22 сентябр ва 12 октябр ҳам барои сабтиноми ҳизб санад пешниҳод карда буданд. Масъулони Вазорати адлияи Қазоқистон ҳар бор бо баҳонаи комил набудани санадҳо дархостро рад мекунанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button