МУҲОҶИРОН

МУСОДИРАИ 383 КИЛО БОРИ МУСОФИРОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕКУ ОЗАРӢ ДАР ФУРУДГОҲИ САМАРА

МУСОДИРАИ 383 КИЛО БОРИ МУСОФИРОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕКУ ОЗАРӢ ДАР ФУРУДГОҲИ САМАРА

Маркази матбуоти идораи Росселхознадзори вилоятҳои Саратов ва Самараи Русия рӯзи 26 октябри соли 2022 хабар дод, ки кормандонаш дар як ҳафтаи гузашта (аз 17 то 23 октябри соли 2022) дар фурудгоҳи “Курумоч”-и шаҳри Самара 2068 бағочи мусофирони 21 парвоз аз кишварҳои хориҷаи дуру наздикро таҳти тафтиши фитосанитарӣ қарор додаанд.

Ҳангоми тафтиш дар бағочи 116 мусофир аз Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Озарбойҷон 382,8 кило маҳсулоти таҳти карантин, ба мисли чормағз, меваҷот, меваи хушк, гиёҳҳои хушк, чой, тухмӣ ва маҳсулоти дигарро, ки ба қаламрави Русия дароварданашон манъ карда шудааст, пайдо кардаанд. Дар хабар гуфта мешавад, ки ин маҳсулоти мусодирашударо таҳти назорати кормандони Росселхознадзор нобуд кардаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button