Минтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Ксения Собчак баъди гумонбар шуданаш ба тамаъкорӣ Русияро тарк кард

Зидди рӯзноманигор ва собиқ номзад ба мақоми президентии Русия дар интихоботи соли 2018 Ксения Собчак парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Хабаргузории ТАСС ва “База” бо такя ба манобеи худ хабар додаанд, ки рӯзноманигор тавонистааст кишварро тарк кунад.

Бино ба хабарҳо, дар доираи ин парванда ҳамчунин чанд ҳамкори Собчак, аз ҷумла мудири тиҷории ӯ Кирилл Суханов дастгир шудааст. Ба гуфтаи муфаттишон, онҳо аз раиси ширкати «Ростек» Сергей Чемезов барои ҳазфи матлабе 11 миллион рубл тамаъ кардаанд.

Тибқи иттилои ТАСС аз толори додгоҳ, Суханов гуфтааст, ки омода аст ба гуноҳи худ қисман иқрор шавад. Додгоҳи Маскав ӯро барои 2 моҳ ба ҳабс гирифтааст.

Худи Собчак то лаҳзаи нашри хабар дар ин бора изҳороте надодааст. Ӯ тавассути шаҳри Минск ба Литва парвоз кардааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button