Минтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳҶомеа

«Бавария» дар 6 бозии охир муқобили «Барселона» зафар меёбад

Дар даври 5-уми бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Лигаи Қаҳрамонҳо дастаҳои “Барселона” ва “Бавария” ба ҳам омаданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Камп Ноу”-и шаҳри Барселона доир шуда, бо ҳисоби 0 бар 3 ба суди мюнхениҳо анҷом ёфт.

Аллакай дар қисми аввали бозӣ футболбозони шаҳри Мюнхен бо голи ба самар расонидаи Садио Мане ҳисоби бозиро кушоданд. Бо гузаро шудани 21 дақиқаи дигар Шупо-Мотинг ҳисоби бозиро дуболо кард. То ин дақиқаҳо бозиро пурра сафедпӯшҳои “Бавария” дар майдон идора мекарданд.  Дар дақиқаҳои изофа намудаи вақти асосии бозӣ Павар ҳисоби бозиро 0 бар 3 кард ва бо ҳамин натиҷа  бозӣ анҷом ёфт.

Ҳамин тариқ, дар ин гурӯҳ дастаҳо чӣ хеле, ки ҷойгир шуда буданд, маскан гирифтанд.  «Бавария» бо 15 имтиёз ва «Интер» бо 10 имтиёз ба плей-оффи Лигаи қаҳрамонҳо роҳ ёфтанд. Дастаи  «Барселона»  бошад, бо 4 имтиёз ба  Лигаи Аврупо рафт. Дастаи «Виктория Плзен» бо ягон имтиёз  дар зинаи охири гурӯҳ маскан гирифтааст.

Ёдовар мешавем, ки дастаи “Барселона” дар 6 бозии охир наметавонад, ки муқобили “Бавария” зафар ёбад. Ҳисоби умумӣ (19:2) ба нафъи “Бавария” аст.

Лигаи чемпионҳо , даври  5

«Барселона» – «Бавария» 0:3

Голҳо: Мане, 10, Шупо-Мотинг, 31, Павар, 90+5

«Барселона»: тер Стеген, Бельерин, Алонсо, Кунде (Эрик Гарсия, 68), Балде, Торре, Бускетс (Ферран Торрес, 58), Кессиэ, де Йонг, Педри (Рафиня, 59), Левандовски, Дембеле (Фати, 68).

«Бавария»: Улрайх, Мазрауи (Станишич, 79), Упамекано (Павар, 63), де Лигт, Дэвис, Горетска (Забитсер, 46), Киммих, Шупо-Мотинг (Мюллер, 63), Мане, Гнабри, Мусиала (Гравенберх, 67).

Огоҳӣ гирифтанд: Мазрауи (16), Горетска (23), Упамекано (35), Бускетс (41).

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button