Умумӣ

«Дар ҷузвдонам бомба аст». Ҳабси як духтар дар Тошканд барои шухӣ бо пулис

Духтари 19-солае, ки ҳангоми тафтиш дар метрои шаҳри Тошканди Узбекистон ба корманди пулис шухиомез гуфт, дар дохили ҷузвдонаш бомба аст, панҷ рӯз ҳабс шудааст.

Корманди Раёсати амнияти метрои Вазорати корҳои дохилии Узбекистон, ки дар истгоҳи метрои Алишер Навоӣ навбатдорӣ мекард, 22 октябр духтари 19-сола Н.С.-ро барои тафтиши ҷузвдонаш боз доштааст. Духтар ба навбатдор гуфтааст, ки дар дохили ҷузвдонаш бомба дорад.

Дар натиҷа духтар боздошт шуда, аммо дар рафти санҷиш муайян шудааст, ки дар ҷузвдони ӯ ягон маводи тарканда вуҷуд надорад. Духтар дар посух ба суоли он ки чаро дуруғ гуфт, изҳор доштааст, ки «табъам болида буд ва хостам шухӣ кунам».

Ба иттилои хабаргузории «Газете.uz», Н. С дар «майдаавбошӣ» ва «расонидани хабари дуруғ» айбдор дониста шудааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button