Сиёсат

БОРИ АВВАЛ ДАР ТАЪРИХ ФАРЗАНДИ МУҲОҶИРОН БА МАҚОМИ САРВАЗИРИ БРИТАНИЯ РАСИД. РИШИ СУНАК КИСТ?

БОРИ АВВАЛ ДАР ТАЪРИХ ФАРЗАНДИ МУҲОҶИРОН БА МАҚОМИ САРВАЗИРИ БРИТАНИЯ РАСИД. РИШИ СУНАК КИСТ?

Риши Сунаки 42-сола, фарзанди муҳоҷирон аз Ҳиндустон, дар интихоботи раҳбари нави ҳизби муҳофизакор ё консерваторҳои Британияи Кабир ғолиб омад ва ба ин тартиб, ба намояндагӣ аз ин ҳизб ба мақоми сарвазири ин яке аз кишварҳои пешрафтаи дунё мерасад. Риши Сунак нахустин фарзанди муҳоҷирон аз Осиёст, ки сарвазири Британияи Кабир мешавад.

Аз ин қабл, Содиқ Хон, фарзанди муҳоҷирон аз Покистон ба мақоми шаҳрдори Лондон, пойтахти Британия расида буд ва аз соли 2016, инак 6 сол боз дар ин мақом кор мекунад.

Ин ҳолат, ки аслу решаи сарвазири Британия аз Ҳиндустони асли шаҳрдори пойтахташ аз Покистон аст, бархеро ба ин орзуҳо бурдааст, ки шояд ягон рӯз дар Русия низ фарзандони муҳоҷирони тоҷик ба чунин мақомҳои бирасанд. Ҳарчанд бо он ҷавви шовинистии ҳоким бар ҷомиаи кунунии Русия бисёриҳо расидан ба чунин як рӯзро ҳадди ақал дар 5 ё 10 соли оянда баъид мешуморанд.

Риши Сунак соли 1980 дар шаҳри бандарии Саутҳемптон дар ҷануби Англия ба дунё омада, дар Лондон ва Йоркшир зиндагӣ мекунад. Ҳамҳизбонаш ӯро шӯхиомез байни худ “Махараҷа аз Йоркшир” ҳам ном мебаранд. Падару модари Риши Сунак аз Ҳиндустон буда, аз Африқои шарқӣ ба Британия кӯчида омадаанд. Падари ӯ дар Саутҳемптон духтури терапевт буд ва модараш – мудири дорухона. Ҳоло Риши Сунак ва ҳамсараш дар раддабандии сарватмандтарин сокинони Британия дар мақоми 222-юм қарор доранд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button