Хабарҳо

ҲАМАГӢ 53 СОЛ ДОШТ… ДАРГУЗАШТИ ВАЗИРИ СОХТМОН ВА МЕЪМОРИИ ТОҶИКИСТОН МАҲМАДСАИД ЗУВАЙДЗОДА

ҲАМАГӢ 53 СОЛ ДОШТ… ДАРГУЗАШТИ ВАЗИРИ СОХТМОН ВА МЕЪМОРИИ ТОҶИКИСТОН МАҲМАДСАИД ЗУВАЙДЗОДА

Кумитаи меъморӣ ва сохтмони ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зи 22 октябри соли 2022 хабар дод, ки раиси ин кумита Зувайдзода Маҳмадсаид Маҳмуд имрӯз дар синни 53 аз олам даргузашт. Аҳли Кумита ба наздикон ва пайвандони марҳум изҳори тасаллият намуда, аз Худованди муттаол барои онҳо сабри ҷамил хостаанд.

Дар номаи таслияти Кумитаи сохтмон ва меъморӣ дар бораи иллати даргузашти Маҳмадсаид Зувайдзода дар чунин синни ҷавон чизе гуфта нашудааст. Вале дар гуруҳи “Данғара Сити” Лашкар Шарифзода навиштааст, ки раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон субҳи 22 октябри соли 2022 “бар асари беморӣ” даргузаштааст. Бино ба иттилои Шарифзода, намози ҷанозаи марҳум вақти намози пешин дар маҳаллаи Гипроземи шаҳри Душанбе баргузор шуда, сипас ӯро барои ба хок супурдан ба зодгоҳаш, деҳаи Шаршари ноҳияи Данғара мебаранд.

Маҳмадсаид Зувайдзода, ки чанд сол муовини якуми Рустами Эмомалӣ дар шаҳрдории Душанбе буд, яке аз мансабдорони хушноми ҳукумати имрӯза дониста мешуд. Марҳум бо хоксорию фурӯтании худ фарқ мекард ва бо вуҷуди мансабҳои баландаш бо ҳама як хел муносибат дошт. Дар давраи кораш дар шаҳрдории Душанбе ӯро “дасти рости Рустами Эмомалӣ” низ ном мебурданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button