Хабарҳо

ИТТИҲОДИ АВРУПО БАРОИ ЗАРАРДИДАГОНИ МУНОҚИШАИ МАРЗИ ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН 270 ҲАЗОР ЕВРО КУМАК ҶУДО КАРД

ИТТИҲОДИ АВРУПО БАРОИ ЗАРАРДИДАГОНИ МУНОҚИШАИ МАРЗИ ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН 270 ҲАЗОР ЕВРО КУМАК ҶУДО КАРД

Иттиҳоди Аврупо хабар дод, ки ба зарардидагони муноқишаи мусаллаҳонаи моҳи сентябр адр марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба маблағи беш аз 270 000 евро кӯмаки башардӯстона ҷудо кардааст. Дар иттилоияи расмии намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон гуфта мешавад, ки ин кумак барои дастгирии тақрибан 12 000 нафар дар бархе аз манотиқи аз ҳама осебдида дар вилояти Бодканди Ҷумҳурии Қирғизистон ва вилояти Суғд, инчунин водии Рашт ва ноҳияи Лахши Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар карда хоҳад шуд. Яъне ба ҳар нафари зарардида Иттиҳоди Аврупо тақрибан 22 евро кумак мерасонад.

Гуфта мешавад, маблағгузории Иттиҳоди Аврупо тариқи Ҷамъиятҳои Ҳилоли аҳмари Қирғизистон ва Тоҷикистон бо мақсади дастгирии оилаҳои осебдида дар ҳарду кишвар, бахусус онҳое, ки хонаҳои худро аз даст додаанд, дар шакли грантҳои нақдӣ пешниҳод карда мешавад.

“Ҷомеаҳои осебдида инчунин тавассути фаъолият ва маводҳои дигар, аз ҷумла чорабиниҳо оид ба таблиғи саломатӣ ва беҳдошт, маводҳои гигиенӣ ва кӯмаки равонӣ дастгирӣ карда мешаванд”, гуфта мешавад дар иттилоия. Аммо суоле бармехезад, ки оё як оилаи зарардида бо 23 евро кумак кадом гӯшаи зарари бардоштаашро метавонад бипӯшонад?

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button