МУҲОҶИРОН

БОЗДОШТИ 29 МУҲОҶИРИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ВА ТУРК БАРОИ ЗАНОЗАНӢ ДАР МАСКАВ

БОЗДОШТИ 29 МУҲОҶИРИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ВА ТУРК БАРОИ ЗАНОЗАНӢ ДАР МАСКАВ

РЕН ТВ хабар дод, ки шоми 24 октябри соли 2022 дар як сохтмон дар хиёбони Мичурини шаҳри Маскав байни муҳоҷирон занозании гурушӣ рӯй додааст ва кормандони пулис дар пайи ин ҳодиса 29 нафарро дастгир кардаанд. Бино ба иттилои ин нашрия, дастгиршудагон муҳоҷирон аз Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Туркия буда, ба пулис гуфтаанд, ки сабаби муноқиша муносибатҳои хусуматомез шудааст. Дар робита ба ин ҳодиса тафтиш идома дорад. Иштирокчиёни занозаниро феълан бо иттиҳоми майдаавбошӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашондаанд. РЕН ТВ мегӯяд, касе дар ин занозанӣ осеби ҷиддӣ набардоштааст. Тафсилоти дигари занозанӣ то ин соат маълум нест.

Хиёбони Мичурин дар ғарби шаҳри Маскав ҷойгир шуда, ба қаламрави ҳавзаи маъмурии Ғарбии пойтахти Русия дохил мешавад. Хиёбон ба номи боғдори машҳури рус Иван Мичурин номгузорӣ шудааст. Қисмати ҷанубии ин хиёбон солҳои 1983—1992 ба шарафи собиқ котиби идеологии КПСС(Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ) кӯчаи Пелше ном дошт.

Мавридҳои афзояндаи занозаниҳо байни муҳоҷирон мояи нигаронии ҷиддии мақомоти Русия шудааст. Моҳи августи соли 2021 дар пайи як силсила занозаниҳои байни муҳоҷирон дар минтақаҳои гуногуни Русия, ВКД ин кишвар ҳушдор дод, ки аз ин ба баъд муҳоҷиронро барои дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, аз ҷумла барои иштирок дар занозаниҳо бераҳмона ба кишварҳои зодгоҳашон ихроҷ карда, аз ҳаққи убури марзи Русия маҳрум мекунанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button