Хабарҳо

ТАСАРРУФИ ДУЮНИМ МИЛЛИОН СОМОНӢ ТАНҲО АЗ ҲИСОБИ МАОШ ВА ТАНҲО ДАР СЕ БОҒЧА (!!!)

ТАСАРРУФИ ДУЮНИМ МИЛЛИОН СОМОНӢ ТАНҲО АЗ ҲИСОБИ МАОШ ВА ТАНҲО ДАР СЕ БОҒЧА (!!!)

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 24 октябри соли 2022 хабар дод, ки кормандони ин ниҳод танҳо дар се боғчаи кӯдакони шаҳри Роғун ва танҳо аз ҳисоби фонди маош тасарруфи беш аз дуюним миллион сомонӣ, ё тақрибан 250 ҳазор доллар маблағҳои давлатиро ошкор кардаанд. “Дар асоси Нақшаи тафтишу санҷишҳои молиявии Агентӣ барои солҳои 2021-2022 филиали БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар шаҳри Роғун мавриди санҷиши молиявӣ қарор дода шуд. Зимни санҷишҳои мутақобила дар Муассисаҳои боғчаи бачагонаи №1, №20 ва №21 шаҳри Роғун муайян карда шуд, ки аз ҳисоби фонди музди меҳнатӣ кормандон зиёда аз 2,5 млн сомонӣ тасарруф карда шудааст”, — гуфта мешавад дар иттилоияи Агентии мубориза бо коррупсия. Тафсилоти дигаре дар ин бора оварда нашудааст. Ин ҳам гуфта нашудааст, ки оё ягон кас барои тасарруфи ин маблағҳои бузург боздошт шудааст ё на? Агентии мубориза бо коррупсия танҳо хабар додааст, ки: “Вобаста ба ҳолати мазкур маводҳои санҷиши молиявӣ барои қабули қарори қонунӣ ба сохторҳои дахлдори Агентӣ пешниҳод гардида, мавриди баррасӣ қарор дорад.”

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ҳамеша аз ҷониби Агентии мубориза бо коррупсия дар радифи соҳаҳои аз ҳама фасодзадаи ҷумҳурӣ ном бурда мешавад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button