Минтақа ва ҶаҳонХабарҳоХабарҳои кӯтоҳ

Таркиш дар анбори вазорати мудофиаи Узбекистон

Дар анбори аслиҳаи вазорати мудофиаи Узбекистон воқеъ дар вилояти Сирдарё таркиш рух додааст.

Ҳодиса субҳи 22-юми октябр сар задааст. Дар натиҷаи ин таркиш қисман манзилҳои зист ва мағозаҳои атрофи анбор зар  дидаанд. Ҳамчунин, низомиҳо ва сокинони маҳаллӣ аз ин таркиш осеб дидаанд. Бино ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ бо такя ба мақомоти Ӯзбекистон, даҳҳо тан барои дарёфти ёрии тиббӣ ба бемористон муроҷиат кардаанд. 

Аммо вазорати тандурустии Узбекистон гуфтааст, ки ин ҳодиса талафоти ҷонӣ дар пай надорад. Аз 16 нафари зарардида 4 нафар дар бемористон бистарӣ карда шудаанд.

Ҳоло мақомоти Узбекистон ба ҳисоб кардани хисорот шуруъ кардаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button