Илму фанноварӣНуқтаи назарХабарҳоҶомеа

Телефонбозӣ одамро ба инсулт гирифтор месозад?

Ҳаёти имрӯзаро бе телефон, компютер ва гаҷетҳо тасаввур кардан ғайриимкон аст, зеро ҳар соату ҳар лаҳза ба воситаи ин дастовардҳои техникӣ мо ниёзҳои худро бароварда месозем. Ҳамарӯза дар нақлиётҳои ҷамъиятӣ, дар боғу гулгаштҳо ва ҳатто роҳраву долонҳо даҳҳо одамонеро вомехӯрем, ки ҷашм аз телефон наканда, интернет тамошо мекунанд, бо дӯстон ва хешу таборашон сӯҳбат меороянд ё ба хотири фароғат бо ягон бозӣ машғуланд. Солҳои охир ҳатто дар роҳҳои мошингард одамн чашм аз телефн намекананд ва дар баъзе ҳолатҳо маҳз телефон боиси ба садамаи нақлиётӣ гирифтор гаштани ин тоифаи роҳгузарон мегардад. Вобастагии сахт ба телефону компютер ва аз меъёр зиёд истифода кардани бурдани ин воситаҳои техникӣ натанҳо ба саломатӣ зарар дорад, балки мушкилиҳои дигареро низ ба миён меорад. Олимон муайян намудаанд, ки ҳангоми истифодаи телефон дастҳо озод бошанд ҳам, манаҳ ва гардан дар ҳолати танги равонӣ қарор мегирад. Ин ҳолат мунтазам такрор ёфтан гирад, як китф аз дигараш поинтар мешавад ва дар натиҷа эҳтимолӣ сар задани инсулт ба миён меояд. Аз касе пӯшида нест, ки пас аз истифодаи тӯлонии телефон дар чашм сӯхтагӣ, сурхшавӣ ба вуҷуд меояд. Чашмони сурх як «магнит»-и воқеӣ барои микроорганизмҳои сирояткунанда-вирус, бактерияҳ ва занбӯруғҳо маҳсуб меёбанд. Дар баробари ин, механизмҳои махсусе, ки дурро наздик нишон медиҳанд, осеб мебинанд ва ин раванд ба кам шудани нури чашм оварда мерасонад. Системаи дилу рагҳои хунгард низ осеб мебинад. Маркази вилоятии микроҷарроҳии чашм барои пешгирӣ кардани мондашавӣ ва наздикбинӣ машқҳоеро тавсия додааст, ки барои аз ҳар гуна хатарҳо эмин доштани чашмон кӯмак мекунад. «1. Ба курсӣ нишаста чашмро дар мӯҳлати 3-5 сония сахт пӯшида, баъд дар муддати 3-5 сония кушоед (6-8 маротиба такрор намоед). 2. Тез-тез дар мӯҳлати 1-2 дақиқа мижа занед. 3. Нишаста ба боло нигоҳ карда чашматонро аввал ба тарафи рост ва баъд ба тарафи чап (мувофиқи ақрабаки соат) давр занонед (5-6 маротиба. 4. Нишаста панҷаи дастро ба пеши чашм дар масофаи 25-30 сантиметр нигоҳ дошта, бо ҳар ду чашм ба панҷа нигоҳ кунед, дар мӯҳлати 3-5 сония, (6-8 маротиба такрор намоед. 5. Нишаста чашмнатонро пӯшед, баъд бо воситаи нӯги панҷа масҳ намоед (дар мӯҳлати 20 -30 сония). 6. Нишаста аввал рост ба пеш нигоҳ кунед, сонӣ дар мӯҳлати 3-5 сония ба китфи рост, баъд ба китфи чап, дар ин вақт сар бояд дар ҷояш ноҷунбон истад (6-8 маротиба такрор кунед). Ин машқҳо барои хондан, навиштан, боқувват намудани мушшакҳои ҳар ду чашм ва барои гардиши хун ёрдами калон мерасонад…» Инҳо тавсияҳои буданд, ки барои мондашавии чашм ёрӣ мерасонад. Тавсияи охирин ҳамин аст, ки саломатии худро эҳтиёт намуда, зиёд дилбастаи компютер ва телефон нашавед. Ба ҷойи телефонбозӣ беҳтараш вақт ёфта дар ҳавои тоза сайру гашт кунед ё бо дӯстонатон вохӯрӣ гузаронида аз наздик дидор ва мулоқот намоед ва ғубори дилро бароред.

Сарчашма: Оила

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button