Хабарҳо

МУИН-ТОҶИК РАҚИБАШРО БО НОКАУТ ШИКАСТ ДОД ВА СОҲИБИ КАМАРБАНДИ ЧЕМПИОНӢ ВА РОҲХАТИ UFC ШУД (ВИДЕО)

МУИН-ТОҶИК РАҚИБАШРО БО НОКАУТ ШИКАСТ ДОД ВА СОҲИБИ КАМАРБАНДИ ЧЕМПИОНӢ ВА РОҲХАТИ UFC ШУД (ВИДЕО)

Размандаи шинохтаи тоҷик Муин Ғафуров, маъруф бо лақаби “Муин-Тоҷик”, рӯзи 14 октябри соли 2022 дар набарди асосии мусобиқоти лигаи «Legacy Fighting Alliance» (LFA) дар вазни аз ҳама сабук (61,2 кг) дар варзишгоҳи “Sanford Pentagon” дар шаҳри Сиу-Фолс (Sioux Falls) аёлати Дакотаи ҷанубии Амрико рақибашг аз Бразилия Диего Силваро шикаст дод ва соҳиби нафақат камарбанди чемпиони ин лига гардид, балки имкони пайвастан ба UFC, лигаи аз ҳамаи муътабари ҷангҳои бидуни қоидаро ба даст овард.Муин дар рақобат бо Диего Силва аз аввал хеле бо боварӣ набард мекард ва дар оғози даври сеюми рақобат, дар дақиқаи 4,40 тавонист бо як зарбаи сахт бо пушти пояш рақиби худро ба нокаут фиристад. Диего Силва дар пайи ин зарба ба рӯи фарши майдон афтид ва ду пояш аз ҳаво, ба қавле, аз ҳаво омад. Ҳамин зарба тақдири бозиро ба нафъи варзишгари тоҷик ҳал кард.Ба маросими эълони ғолиб Муин –Тоҷик футболка бо акси президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро пӯшида буд. Вақте ки ба миёни ӯ камарбанди чемпиониро мебастанд, Муин аз ғояти ҳаяҷон ба рӯи фарш нишаст ва гирист.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button