Хабарҳо

СӮХТОР ДАР СЕ МАНЗИЛ ДАР ДЕҲАИ БАРЧИДИ НОҲИЯИ ШУҒНОН

СӮХТОР ДАР СЕ МАНЗИЛ ДАР ДЕҲАИ БАРЧИДИ НОҲИЯИ ШУҒНОН

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 16-уми октябри соли 2022 бар асари сӯхтор дар деҳаи Барчиди ҷамоати деҳоти Поршиневи ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон се манзил зарар дидааст.

Гуфта мешавад, сӯхтор соати 13%25 ба вақти маҳаллӣ рух дода, манзилҳои се сокини ноҳияи Барчидро фаро гирифтааст.

“Бо талоши Хадамоти сӯхторнишонии ВКД ин оташсӯзӣ хомӯш карда шуд. Талафоти ҷонӣ нест. Ҳаҷми зарари расида муайян карда мешавад”, гуфта мешавад дар иттилоияи кӯтоҳи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда.

Тафсилоти дигари ҳодиса дастрас нест. Дар бораи сабабҳои сӯхтори якбора се хона дар деҳаи Барчид маълумоте то ин соат дар даст нест.

Барчид деҳаест дар ҷамоати Поршиневи ноҳияи Шуғнон. Дар Барчид, бар асоси омори соли 2012, беш аз 700 нафар зиндагӣ мекарданд. Барчид аз маркази ноҳияи Шуғнон 16 километр ва аз шаҳри Хоруғ, маркази вилоят 18 километр дуртар буда, дар соҳили дарёи Панҷ, дар марз бо вилояти Бадахшони Афғонистон ҷойгир шудааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button