Минтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Президенти Узбекистон ба Туркманистон меравад

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзҳои 20-21 октябр бо сафари расмӣ ба Туркманистон меравад

Дар ин бора 16-уми октябр дар ҷараёни ҷаласаи ғайринавбатии Девони вазирони Туркманистон хабар дода шудааст.

Вазири умури хориҷии Туркманистон Рашид Мередов дар ҷаласа роҷеъ ба рафти омодагиҳо ба сафари расмии президенти Узбекистон ба он кишвар гузориш додааст.

Ба гуфтаи Мередов, дар ҷараёни ин сафар имзои як қатор санадҳои ҳамкорӣ миёни Туркманистон ва Узбекистон дар назар аст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button