Хабарҳои кӯтоҳҶомеа

Оғози Конфронси байналмилалии муқобила бо терроризм дар Душанбе

Имрӯз, 18-уми октябр дар шаҳри Душанбе ҳамоиши дурӯзаи муқобила бо терроризм ва мудирияти сарҳад оғоз ёфт. Ба гуфтаи мақомот, Конфронси «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо», то 19 октябр идома хоҳад кард.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври ҳузурӣ ва Антонио Гуттериш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ба таври онлайнӣ дар ин ҳамоиш суханронӣ карданд. Ҳамчунин намояндагони Иттиҳоди Аврупо, САҲА, Чин, Узбекистон, Қазоқистон, Қатар ва даҳҳо кишвари дигар суханронӣ мекунанд.

Мақомоти Тоҷикистон чанд сол аст, ки аз хатари терроризм ва ифротгароӣ нигаронӣ доранд. Ба сари қудрат омадани Толибон дар Афғонистон, нигаронии мақомотро дар масъалаи терроризм бештар кардааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button