Хабарҳо

АЗИЗУЛЛОИ ҶАВОНМАРГРО БАЪДИ 46 РӮЗ ЁФТА, БА ХОК СУПУРДАНД

АЗИЗУЛЛОИ ҶАВОНМАРГРО БАЪДИ 46 РӮЗ ЁФТА, БА ХОК СУПУРДАНД

Ҷанозаи Азизулло Зоидбоев, сокини 22-солаи ҷамоати Ворухи Исфара, писари сартабиби осоишгоҳи “Зумрад” Зуҳурулло Зоидбоевро, ки баъди садамаи пурқурбонии шоми 31 августи соли 2022 дар роҳи Хуҷанд – Душанбе дар мавзеи Чореи ноҳияи Айнӣ нопадид шуда буд, баъди 46 рӯзи ҷустуҷӯ, рӯзи 16 октябр билохира аз соҳили Фондарё пайдо карда, субҳи 17 октябр дар Ворух ба хок супурдаанд. Азизулло Зоидбоев шоми 31 август дар роҳ ба Душанбе дучори садама шуд. Ӯ дар соли панҷуми донишгоҳ таҳсил мекард ва дар арафаи шурӯи соли нави таҳсил ба Душанбе раҳсипор буд. Дар он садама 4 нафар ҷон бохтанд, вале ҷустуҷӯи ҷанозаи Азизулло чунин зиёд тӯл кашид. Се қурбонии дигарро алакай дар соатҳову рӯзҳои аввали баъди садама пайдо карданд.

Созмони “Ормони Дилҳо Исфара” дар Фейсбук бо изҳори ҳамдардӣ ба наздикони Азизулло хабар дод, ки маросими намози ҷаноза ва дафни ӯ субҳи 17 октябр дар Ворух баргузор шуд.

Наздикон ва дӯстони Азизулло Зоидбоев то охирин лаҳза бовар доштанд, ки ӯ зинда аст ва аз ҳама хоҳиш доштанд, ки барои зинда пайдо кардани ин ҷавони донишҷӯ дуо кунанд. Мутаассифона, умеди наздиконаш барои зинда пайдо кардани Азизулло бароварда нашуд.

Аҳли идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” ба сартабиби осоишгоҳи “Зумрад” Зуҳурулло Зоидбоев ва дигар пайвандони Азизулло изҳори ҳамдардии амиқ мекунад.

Худованд макони охираташро Ҷаннат гардонад!

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button