Хабарҳои кӯтоҳҶомеа

Вазир: беш аз 400 тоҷикистонӣ аз Сурияю Ироқ баргардонда шуданд

Вазири умури хориҷии Тоҷикистон аз чолиши рӯзафзуни терроризму экстремизми байналмилалӣ ҳушдор дода, ҷаҳониёнро ба баррасии масъала ба Душанбе хонд

ДУШАНБЕ, 16 окт – Sputnik. Дар доираи мубориза бо терроризму экстремизм Тоҷикистон беш аз 400 шаҳрвандашро аз Сурия ва Ироқ ба Ватан баргардондаст.

Ин нуктаро вазири умури хориҷии Тоҷикистон, Сироҷиддин Муҳриддин зимни муроҷиаташ ба ҷаҳониён дар арафаи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо» баён дошт.

Вай гуфт, дар миёни бозгаштаҳо аз ҷумла занону кӯдакон қарор доранд, ки феълан ба ҳаёти осоишта баргаштаанд.

Сироҷиддин Муҳриддин барои баррасии масоили терроризму экстремизми байналмилалӣ шариконро ба конфронси Душанбе даъват намуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button