Минтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Содироти маҳсулот аз вилояти Суғд наздик ба 800 миллион доллар расид

Мақомоти вилояти Суғд ахиран хабар додааст, ки дар нӯҳ моҳи соли равон содироти маҳсулот аз ин вилоят ба хориҷ 1,9 баробар афзоиш ёфтааст

ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Ҳаҷми умумии гардиши савдо дар 9 моҳи соли равон ба 11 млрд 218,7 млн. сомонӣ ва хизматрасонии пулакӣ ба 3027,8 млн. сомонӣ баробар шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 мутаносибан 4,7 ва 10 фоизро ташкил намуд.

Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст.

Тибқи иттилои манбаъ ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилоят дар моҳҳои январ-сентябри соли 2022 ба 2 млдр 300,1 млн. доллар расонида шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 43,1 фоиз таъмин гардид.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button