Минтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Дахли Суғд аз харҷаш зиёд: Пул куҷо равона шуд?

Даромади буҷети маҳаллӣ дар вилояти Суғд аз нақшаи пешбинигардида барзиёд иҷро шудааст, аммо дар зимн нақшаи хароҷот пурра амалӣ нагардидаст

ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Дар 9 моҳи соли 2022 нақшаи даромадҳои буҷети давлатӣ, бе назардошти андози иҷтимоӣ дар вилояти Суғд беш аз 2 млрду 752 млн сомониро ташкил дод.

Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати Суғд хабар дода, афзуд, ки ин нишондод нисбати нақша қариб 6% ё беш аз 147 млн сомонӣ зиёдтар мебошад.

Таъкид шудаст, ки нақшаи даромади буҷети давлатӣ дар Суғд ба маблағи беш аз 2 млрду 605,2 млн сомонӣ тасдиқ гардида буд.

Дар мавриди буҷети маҳаллии вилояти Суғд иттилоъ дода шуд, ки ба ҷойи 1 млрду 821 млн сомонии пешбинигардида, 1 млрду 886 млн сомонӣ ворид гардид. Манбаъ афзуд, ки ин нишондод аз нақшаи тасдиқгардида наздики 4% ё қариби 65 млн сомонӣ зиёд мебошад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button