Минтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Белорус низоми амалиёти зиддитеррористӣ эълон кард

Давлати Беларус чунин чораҳоро ба далели эҳтимоли аноҷми иқдоми моҷароҷӯёна аз ҷониби бархе аз давлатҳои ҳамсояаш роҳандозӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Дар Беларус режими амалиёти зиддитеррористӣ ҷорӣ карда шуд.

Дар ин бора вазири умури хориҷии Беларус, Владимир Макей, зимни мусоҳиба бо рӯзномаи «Известия» хабар додаст.

«Сарвари кишвари мо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ як қатор мулоқотҳо анҷом дода, низоми амалиёти зиддитеррористӣ ҷорӣ карда шуд», — гуфт Макей.

Вай қайд кард, қаблан маълумоте дастрас шуд, аз ҷониби баъзе давлатҳои ҳамсоя иқдоми моҷароҷӯёна тарҳрезӣ шудаанд.

Пештар раисиҷумҳури Белорус, Александр Лукашенко гуфта буд, ки «дар Лаҳистон, Литва, Украина омодасозии ҷангиёни белорустабор барои анҷоми диверсия, ҳамлаҳои террористӣ ва ташкили шӯриши низомӣ оғоз гардидаст».

Ба гуфтаи Макей, «қариб ғасб кардани қисматҳои муайяни қаламрави Беларус» дар назар аст.

Бо дастури Лукашенко мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қудратӣ бояд маҷмӯи чораҳоро оид ба назорати вазъи низомию сиёсӣ ва вокуниш ба онро таҳия кунанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button