Хабарҳои кӯтоҳҶомеа

Темур Раҳимов дар қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон панҷум шуд

Темур Раҳимов, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон, ки дар шаҳри Тошканди Узбекистон ҷараён дорад, дар рақобат барои медали биринҷӣ аз гуштигири гурҷӣ Гурам Тушишвили мағлуб шуд ва мақоми панҷумро касб кард.

Ин паҳлавони 25-солаи тоҷик рӯзи 12-уми октябр дар вазни беш аз 100 кило ба рақобат пардохт. Ӯ дар даври аввал озод буд. Темур дар даври дувум бо Мариус Физел аз Словакия вориди рақобат шуд. Паҳлавони тоҷик рақибашро ба осонӣ бо ду «ваза-ари» ва баҳогузории «иппон» шикаст дод ва ба даври ҳаштякниҳоӣ роҳ ёфт.

Раҳимов дар ҳаштякфинал бо намояндаи Фаронса Ҷозеф Терҳек рӯбарӯ шуд. Дар ин рақобат низ Темур маҳорати баланд нишон дод ва рақибашро базудӣ бо баҳогузории «иппон» мағлуб кард ва ба даври чорякниҳоӣ роҳ пайдо кард.

Паҳлавони тоҷик дар чорякфинал бар Минҷонг Ким аз Ҷумҳурии Корея бо баҳогузории «ваза-ари» дастболо шуд ва ба нимфинал баромад. Рақиби Темур дар даври ниманиҳоӣ гуштигири 20-солаи ҷопонӣ Татсуру Саито буд. Дар замони асосии қувваозмоӣ ғолиб муайян нашуд. Дар замони изофа довар ба Темур барои камфаъолиятӣ “шидо” ё танбеҳи сеюм дод, бинобар ин рақибаш ғолиб гардида, ба финал роҳ ёфт. Саито дар финал бар Энди Гранда аз Куба дастболо шуда, ба унвони қаҳрамони ҷаҳон мушарраф гардид.

Темур Раҳимов барои медали биринҷӣ бегоҳи имрӯз, 12-уми октябр, талош варзид. Рақибаш паҳлавони номдори 27-солаи гурҷӣ Гурам Тушишвили, барандаи медали нуқраи Бозиҳои олимпии Токио-2020, буд. Дар ибтидои рақобат паҳлавони пуртаҷрибаи гурҷӣ имтиёзи “ваза-ари” ба даст овард ва бартарии худро то охири замони асосӣ нигоҳ дошт. Тушишвили медали биринҷӣ гирифт. Раҳимов мақоми панҷумро касб кард.

Барои медали дигари биринҷӣ Минҷонг Ким аз Ҷумҳурии Корея бар Рой Мейер аз Нидерланд пирӯз шуд.

Ёдовар мешавем, аз байни 9 варзишгари тоҷик нахустин шуда Эмомалӣ Нуралӣ ба рақобат пардохт. Ӯ дар вазни то 66 кило баъди пирӯзӣ бар Орландо Поланко аз Куба, дар ҳаштякфинал аз қаҳрамони Бозиҳои олимпии Токио-2020 Ҳифуми Абе аз Ҷопон мағлуб шуд.

Баъдан ду паҳлавони дигари тоҷик – Муҳаммадраҳим Сарахонов ва Беҳрӯзи Хоҷазода — дар рақобатҳо дар вазни то 73 кило иштирок карданд. Хоҷазода дар даври аввал Аксус Бенҷамини фаронсавиро шикаст дод, вале дар даври дувум қувваозмоиро ба Виктор Стерпу аз Молдова бохт. Сарахонов бошад, дар даври аввал аз Нилс Стампи швейтсарӣ мағлуб шуд.

Рӯзи 9-уми октябр боз ду паҳлавони тоҷик — Сомон Маҳмадбеков ва Шодмон Ризоев – дар вазни то 81 кило вориди рақобат шуданд. Маҳмадбеков дар даври аввал бар Франкойс Гаузейр аз Канада пирӯз гардид, вале дар даври дувум аз Шарофиддин Болтабоеви узбекистонӣ мағлуб шуд. Ризоев, ки дар даври аввад озод буд, дар даври дувум аз Ашраф Моутил аз Марокаш шикаст хӯрд.

Рӯзи 10-уми октябр паҳлавонони шинохтаи тоҷик — Комроншоҳи Устопириён ва Ҷаҳонгир Маҷидов – дар вазни то 90 кило қувваозмоӣ карданд. Устопириён дар даври аввал аз Ивайло Иванов аз Булғористон шикаст хӯрд. Маҷидов, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дувум аз Станислав Гунченко аз Украина мағлуб шуд.

Рӯзи 11-уми октябр Абубакри Акобир, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дувум аз Николоз Шеразадашвили аз Испания шикаст хӯрд.

Ҳамин тавр, паҳлавонони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар Тошканд натавонистанд, ки медал ба даст биёранд.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар қаҳрамонии ҷаҳон дар пойтахти Узбекистон 571 варзишгар (310 мард, 261 зан) аз 82 кишвари панҷ қора иштирок доранд.

Ба ғолибону ҷоизадорони қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар Тошканд ба ҷуз аз медал, ҷоизаҳои молӣ супурда шуд: барои ҷойи аввал 26000 евро, барои ҷойи дуюм 15000 евро ва барои ҷойи сеюм 8000 евро.

Дар сабқати даставии омехта бошад, ба ғолиб 90000 евро, ба барандаи ҷойи дувум 60000 евро ва ба барандагони ҷойҳои севум 25000-евроӣ тақдим мегардад.

Сабқати даставии омехта бо иштироки гуштигирони 17 кишвар дар рӯзи охирини мусобиқот — 13-уми октябр — ба нақша гирифта шудааст, аммо дар он мунтахаби Тоҷикистон иштирок намекунад.

Баъди натиҷагирии ҳафт рӯзи рақобатҳои инфиродии қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни мардон ва занон дар Тошканд мунтахаби Ҷопон бо касби 5 медали тило, 4 нуқра ва 3 биринҷӣ ҷойи аввалро соҳиб шуд. Мунтахаби Бразилия бо касби 2 медали тило, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ дар ҷойи дувум ва мунтахаби Узбекистон бо касби 2 медали тило дар ҷойи севум қарор гирифтанд.

Ғолибону ҷоизадорони қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар Тошканд дар ҳафт рӯзи мусобиқот (6-12-уми октябр) дар ҳафт вазн миёни мардон ва дар ҳафт вазн миёни занон:

Мардон

-60 кг

1. Наоҳиса Такато (Ҷопон)

2. Ариунбол Энхтайван (Муғулистон)

3. Елдос Сметов (Қазоқистон)

3. Янг Веи Янг (Тайбэйи Чин)

-66 кг

1. Ҳифуми Абэ (Ҷопон)

2. Жоширо Маруяма (Ҷопон)

3. Баул Ан (Ҷумҳурии Корея)

3. Денис Виерду (Молдова)

-73 кг

1. Согбаатар Сенд-Оҷир (Муғулистон)

2. Сочи Ҳашимото (Ҷопон)

3. Даниэл Каргнин (Бразилия)

3. Ҳидоят Ҳайдаров (Озарбойҷон)

-81 кг

1. Тато Григолашвили (Гурҷистон)

2. Маттиас Кассе (Белгия)

3. Таканори Нагаси (Ҷопон)

3. Шамил Борчашвили (Австрия)

-90 кг

1. Давлат Бобонов (Узбекистон)

2. Кристиан Парлати (Италия)

3. Лука Майсурадзе (Гурҷистон)

3. Лаша Бекаури (Гурҷистон)

-100 кг

1. Музаффарбек Турабоев (Узбекистон)

2. Кайл Рейес (Канада)

3. Микаел Коррел (Нидерланд)

3. Зели Котсоев (Озарбойҷон)

+100 кг

1. Энди Гранда (Куба)

2. Татсуру Саито (Ҷопон)

3. Гурам Тушишвили (Гурҷистон)

3. Минҷонг Ким (Ҷумҳурии Корея)

Занон

-48 кг

1. Натсуми Сунода (Ҷопон)

2. Катарина Майнс (Олмон)

3. Абиба Абужакинова (Қазоқистон)

3. Ассунта Скутто (Италия)

-52 кг

1. Ута Абэ (Ҷопон)

2. Челси Ҷайлс (Британияи Кабир)

3. Дистрия Красничи (Косово)

3. Амандин Бюшар (Фаронса)

-57 кг

1. Рафаэла Силва (Бразилия)

2. Ҳарука Фунакубо (Ҷопон)

3. Ҷесика Климкаит (Канада)

3. Энкл Лхагватогу (Муғулистон)

-63 кг

1. Мигуми Ҳорикава (Ҷопон)

2. Катерина Беаучемин-Пинард (Канада)

3. Манон Декетер (Фаронса)

3. Барбара Тимо (Португалия)

-70 кг

1. Барбара Матис (Хорватия)

2. Лара Свҷетко (Хорватия)

3. Саки Низои (Ҷопон)

3. Санни Ван Диҷке (Нидерланд)

-78 кг

1. Майра Агуар (Бразилия)

2. Женжао Ма (Чин)

3. Елизавета Литвиненко (Украина)

3. Беата Пакут-Кложко (Полша)

+78 кг

1. Роман Дико (Фаронса)

2. Беатрич Соуза (Бразилия)

3. Вакаба Томита (Ҷопон)

3. Ҷулия Толофуа (Фаронса)

Ёдовар мешавем, мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо, ки моҳи июни соли 2021 дар пойтахти Маҷористон – шаҳри Будапешт – доир гардид, барои варзишгарони тоҷик бидуни медал ба анҷом расид. Дар ин мусобиқоти ҷаҳонӣ шаш варзишгари тоҷик (панҷ нафар дар рақобатҳо байни мардон ва як нафар миёни занон) ширкат карданд.

Дар миёни гуштигирони тоҷик натиҷаи хубро Темур Раҳимов нишон дод. Вай дар вазни беш аз 100 кило дар ду рақобати аввалаш тавонист ба ҳарифонаш аз Лаҳистон ва Қазоқистон пирӯз шавад. Вале дар сабқати сеюм Темур аз намояндаи Русия Темерлан Башаев шикаст хӯрд ва ба даври тассалобахш роҳ ёфт. Дар даври тасаллобахш рақиби Темур Раҳимов варзишгари ҳолландӣ Рой Мейер буд. Дар охирин сонияҳои ин сабқат Темур Раҳимов аз рақибаш мағлуб шуд ва дар натиҷа ҷойи 7-умро гирифт.

Мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳонро Федератсияи байналмилалии ҷудо аз соли 1956 баргузор мекунад, ки аз ҷиҳати моҳияти худ пас аз Бозиҳои олимпӣ дар мақоми дувум аст. Аввалин мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар ватани ҷудо – Ҷопон – бо ширкати 31 намоянда аз 21 кишвар барпо гардида буд.

Беҳтарин дастоварди Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон медали биринҷии Расул Боқиев ба шумор меравад, ки соли 2007 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия дар вазни то 73 кило ба даст овардааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button