Хабарҳои кӯтоҳҶомеа

Ҳайати ҳукумати Қирғизистон барои баррасии масоили марзӣ ба Душанбе омад

Ҳайати кории ҷониби Қирғизистон барои баррасии масоили марзӣ ба Тоҷикистон омадааст ва интизор меравад, давоми 4 рӯзи оянда музокирот хоҳанд кард

ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Як гурӯҳи даҳнафарии Қирғизистон вориди хоки Тоҷикистон шуда ҳамроҳ бо масъулони Идораи замини вилояти Суғд ба сӯйи Душанбе равона шуданд, иттилоъ медиҳанд ба Sputnik Тоҷикистон манобеъ аз ҳукумати Исфара.

“То рӯзи шанбе дар шаҳри Душанбе бо ҳамтоёни тоҷики худ масъалаҳои марзро баррасӣ хоҳанд кард”, — иттилоъ дод манбаъ.

Инчунин манбаъ хабар додааст, ки бо супориши раиси шаҳри Исфара масъулони Идораи замин барои ба шаҳри Душнабе расидан ҷониби Қирғизистонро роҳбаладӣ намудаанд.

Қарор аст ин гурӯҳ як ҷо бо масъулони комиссиия байниҳукуматии Тоҷикистон сари масъалаҳои марзӣ гуштушунид анҷом бидиҳанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button