Хабарҳои кӯтоҳҶомеа

Лукашенко ба Душанбе меояд

Раисҷумҳури Беларус зимни сафараш ба Тоҷикистон бо ҳамтои тоҷикаш масъалаҳои васеъи ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Беларус Александр Лукашенко рӯзи сешанбе бо як сафари расмӣ вориди Тоҷикистон мешавад, иттилоъ додааст РИА “Новости” дар истинод ба Вазорати умури хориыаи Тоҷикистон.

Тибқи иттилои манбаъ, зимни ин сафар мулоқоти як ба яки ӯ бо ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон дар назар аст.

Ҳамчунин ВУХ Тоҷикистон хабар додааст, ки мулоқот дар ҳайати васеъ баргузор мешавад.

Инчунин қайд карда шудааст, ки дар натиҷаи музокирот як бастаи санадҳои байниҳукуматӣ ба имзо хоҳанд расид.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button