Хабарҳо

ДУЗДИИ ҚУБУРҲОИ ОҲАНИН АЗ ПОЙГОҲИ ОБКАШИИ ҶАМОАТИ САРИКИШТӢ

ДУЗДИИ ҚУБУРҲОИ ОҲАНИН АЗ ПОЙГОҲИ ОБКАШИИ ҶАМОАТИ САРИКИШТӢ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон рӯзи 7 октябр аз ошкор шудани дуздии 5 қубури оҳанин аз пойгоҳи обкашии ҷамоати Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ хабар дод. Бино ба ин гузориш, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ бо ариза марди 29-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 5-уми сентябри соли 2022, тахминан соати 18:30-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз пойгоҳи обкашӣ, воқеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Сарикиштии ноҳияи мазкур 5-адад қубурҳои оҳанини дарозиашон 8 метрро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 60 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия мардони 39 ва 42-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.

Ба дастгиршудагон бар асоси моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои дуздӣ аз 2 то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button