Хабарҳо

Як низомӣ дар вилояти Бодканди Қирғизистон дар синаи худ тир задааст

Дар вилояти Бодканди Қирғизистон низомии неруҳои вижаи «Илбирс» С.М. дар қафаси синаи худ тир задааст. Дар ин бора аз вазорати мудофиаи Қирғизистон хабар доданд.

Дар вазорати мудофиа гуфтанд, низомӣ дар бемористон бистарӣ шудааст. Ин ҳодиса рӯзи 5 октябр рух додааст. Вазъи низомӣ ва ҳамчунин ангезаи ин амалӣ ӯ хабар дода намешавад.

Дар чанд моҳи охир дар Қирғизистон ҳолатҳои худкушӣ ё маҷруҳсозии низомиёну сарбозон дар қисҳоми низомӣ афзудааст. Моҳи июли соли ҷорӣ дар қисми низомие дар деҳаи Кой-Тоши наздкии шаҳри Бишкек як сарбози 22-сола фавтид. Волидони вай гуфтанд, ба худкушии писарашон бовар надоранд.

Ҳамчунин 29 июл сарбози дигар Калис Абдиқобилови 18-сола аз тири силоҳ кушта шуд. Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, вай худкушӣ кардааст. Аммо наздикони сарбоз ба худкушӣ будани ин ҳодиса шубҳа карданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button