Хабарҳо

Як мард сари келинашро аз тан ҷудо кардааст

Ба иттилои Додситонии кулли Узбекистон, дар вилояти Фарғонаи он кишвар марди 64-сола баъди ҷанҷоли хонаводагӣ сари келинашро аз тан ҷудо кардааст.

Ин ҳодиса рӯзи 1-уми октябри соли ҷорӣ дар ноҳияи Қуштеппаи вилояти Фарғона рух додааст. Марди солхӯрда И.Р., ба келинаш таъкид кардааст, ки ғизоро болаззаттар омода кунад. Келин К.Г. дар посух гуфтааст, ғизоро тарзе омода мекунад, ки метавонад.

Мард ба дунболи келин ба ошхона даромада, нахуст дар гардани вай мезанад. Келин аз ҳуш меравад ва мард ӯро ба мошин бор карда, ба теппаҳои атрофи маҳалли зисташон бурда, сарашро аз тан ҷудо мекунад.

Аз рӯи ин ҳодиса бо моддаи «куштори барқасдона» парванда боз ва тафтишот идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button