Хабарҳои кӯтоҳҶомеа

Мақомоти ноҳияи Дӯстӣ ба 30 омӯзгор замини наздиҳавлигӣ тақдим карданд

Раёсати маорифи вилояти Хатлон эълон карааст, ки дар ноҳияи Дӯстӣ 30 нафар омӯзгор соҳиби Сертификати замини наздиҳавлигӣ гардиданд

ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Ахиран аз сӯйи мақомот дар ноҳияи Дӯстӣ ба 30 нафар муаллимони ҷавон Сертификати замини наздиҳавлигӣ тақдим карда шуд, иттилоъ додааст раёсати маорифи вилояти Хатлон.

Тибқи иттилои манбаъ, маросими супурдани сертификатҳои замин дар як ҳамоише ба ифтихори Рӯзи омӯзгор сурат гирифт.

Ба иттилои манбаъ, дар ҳамоиш раиси ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳо, собиқадорони соҳаи маориф ва омӯзгорон иштирок намуданд.

“Бо замини наздиҳавлигӣ таъмин гардидани омӯзгорони ҷавон яке аз бандҳои Қарори Ҳукумати Тоҷикистон “Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо барои омӯзгорони ҷавон” мебошад, ки ҳамасола зина ба зина дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон амалӣ карда мешавад”, — қайд кардааст манбаъ.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button