Хабарҳои кӯтоҳҶомеа

Гусели 1400 ҷавон ба аскарӣ: 4 шаҳру ноҳияи Хатлон нақшаро иҷро кард

Раиси Хатлон зимни гусели наваскарон гуфт, барои насли наврас яке аз муҳимтарин мактаби обутоби ҳаёт хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат мебошад

ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Мақомдорони Хатлон 1400 нафар ҷавононро дар вазъияти тантанавӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар карданд.

Ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати Хатлон, дар рӯзҳои нахустини даъвати тирамоҳӣ шаҳру ноҳияҳои Данғара, Вахш, Фархор ва Норак нақшаи даъвати наваскаронро иҷро намуданд.

Манбаъ афзуд, дар маросими гусели даъватшудагон раиси Хатлон Қурбон Ҳакимзода, муовини вазири мудофа, Абдусаттор Шоҳиён, падару модарон ва собиқадорони соҳа иштирок доштанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button