Хабарҳо

ЯК ЗАН АЗ ТУРСУНЗОДА БАРОИ КУШТАНИ ТАҒОЯШ БА 9 СОЛИ ЗИНДОН МАҲКУМ ШУД

ЯК ЗАН АЗ ТУРСУНЗОДА БАРОИ КУШТАНИ ТАҒОЯШ БА 9 СОЛИ ЗИНДОН МАҲКУМ ШУД

…Дилбар Сайфутдинова аз фурсати муносиб, яъне дар ҳолати сахти мастӣ қорор доштани тағояш Ҷаҳонгир Сайфутдинов ва тавони муқобилият нишон доданро надоштани ӯ истифода бурда, бо дасти росташ як зарбаи сахт ба рӯи тағояш задааст. Бар асари ин зарба, Ҷаҳонгир Сайфутдинов афтода, ҳангоми ғалтидан сараш ба дари ҳоҷатхона бархӯрдааст. Дар натиҷа, мради сархуш беҳуш шуда, бо пушт ба рӯи фарш афтидаст. Дилбар Сайфутдинова барои анҷом додани қасди ҷиноии худ ҳамлаҳо ба зидди тағояшро, ки дар рӯи фарши хона хобида буд ва ягон муқобилият нишон дода наметавонист, идома дода, пойи росташро ба гулӯи ӯ гузошта, ӯро то мурдан буғӣ карда, ба қатл расонидааст.Сипас, бо мақсади пинҳон намудани ҷинояти содиркардааш Дилбар Сайфутдинова ҷасади тағояшроро тахминан соатҳои 9-и ҳамон рӯз ба қолини дар ҳуҷра буда печонида, онро ба мошини кирокардааш, тамғаи “Дэу-Матиз”, рақами қайди давлатиаш 92-43 ЕС 02, ки ба ронанда Шарипов Қаҳор Абдураҳмонович тааллуқ дорад, бор карда, ба маҳаллаи 4, бинои №20-и шаҳри Турсунзода, ки дар он манзил бо модараш Сайфутдинова Дилрабо Сайтмуротовна ҳамчун иҷоранишин зидагонӣ мекард, интиқол дода, бардурӯғ баҳона пеш овардааст, ки гӯё тағояш Ҷаҳонгир Сайфутдинов бинобар сӯиистеъмоли миқдори зиёди нӯшокии спиртӣ ба ҳалокат расидааст…

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button