Хабарҳо

Худро корманди ҳифзи ҳуқуқ гуфт: боздошти марди 31-сола бо иттиҳоми далаги ва тамаъҷӯӣ видео

Худро корманди ҳифзи ҳуқуқ гуфт: боздошти марди 31-сола бо иттиҳоми далаги ва тамаъҷӯӣ Ҳукми Суд нисбати 3-нафар барои содир намудани ҷиноятҳои махсусан вазнин

ҲУКМИ ЗИНДОНИ ДУ ФОҲИША ВА МАРДИ ДАЛЛА ДАР ДУШАНБЕ БАРОИ РЭКЕТ (ВИДЕО)

Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҳафтаи гузашта Абдуманнон Болтаев, сокини Душанберо, ки қаблан 2 маротиба барои дуздӣ ва роҳзанӣ зиндонӣ шуда буд, бо ҷурми гаравгонгирӣ, тамаъҷӯӣ ва роҳзанӣ ба 16 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кард. Бо ӯ дар ин парвандаи гаравгонгирӣ ду ҷавонзан низ ҳамчун айбдоркунанда мегузаштанд ва додгоҳ бо ҷурми даст доштан дар айни ҷиноятҳои махсусан вазнин Шаҳноза Тошпӯлодоваро ба 13 соли зиндон ва Манижа Бобозодаро ба 11 соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум кард.

ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки Абдуманнон Болтаев, соли таваллудаш 1991 ҳмроҳ бо ин ду зани сабукпои солҳои таваллудашон 1992 ва 1996, ки ба танфурӯшӣ машғул буданд, манзилеро дар кӯчаи Неъмат Қаробоеви пойтахт ба иҷора гирифта, тавассути Интернет ба шаҳрвандон хидматҳои шаҳвонӣ, аз ҷумла алоқаи ҷинсиро дар ивази пул пешниҳод мекарданд. Вақте ки ягон “муштарӣ” ба доми онҳо меафтод, Шаҳнозаву Манижа ин мардони гумроҳу фиребхӯрдаро ба хонаи иҷорагирифтаашон даъват мекарданд ва ҳангоми айшу ишрати онҳо “ногаҳон” саркардаи ин дастаи роҳзанон Абдуманнон Болтаев дар дасташ завлона ва электрошокер ҳозир мешуд ва худро корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ карда, он мардҳои фиребхӯрдаро латтукӯб карда, онҳоро ба навор гирифта, дар ивази парванда накушодану ба касе фош накардани ин ҳолат аз ҳар кадоми онҳо маблағҳои калон талаб мекард. Ин маблағҳоро Болтаев баъдан бо шариконаш Шаҳноза ва Манижа тақсим мекардааст.

https://www.facebook.com/watch?v=467318378662113

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button