Минтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Тавофуқи толибону Русия дар бораи хариди маводи сӯхт

Баъд аз ба сари қудрат омадани гурӯҳи толибҳо дар Афғонистон ин аввалин тавофуқномаи бузургест, ки онҳост, бо Маскав имзо кардаанд

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Русия бо давлати толибон дар мавриди интиқоли коло ба Афғонистон созишномаи муқаддамотӣ ба имзо расониданд.

Дар ин бора Ҳоҷӣ Нуриддин Азизӣ, сарпарасти вазорати савдо ва саноати кАфғонистон дар сӯҳбат бо хабаргузории Reuters хабар додааст.

Ба гуфтаи ӯ, Маскав ба фурӯши бензин, сӯзишвории дизелӣ, газ ва гандум ба Кобул шурӯъ мекунад. Дар баробари ин давлати толибон барои хариди ашёи хом тахфифҳо пешниҳод кард.

Тибқи шартномаҳои пешакии иқтисодӣ, Маскав ҳамасола 1 миллион тонна маволди дизелӣ, 500 ҳазор тонна гази моеъ ва 2 миллион тонна гандум содир хоҳад кард.

Мӯҳлати созишнома ниҳоӣ нашудааст, вале баъд аз давраи озмоишӣ кишварҳо метавонанд як созишномаи дарозмуддатро ба имзо расонанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button