Минтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Покистон: Толибон аз фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон ҷилавгирӣ кунанд

Намояндаи доимии Покистон дар СММ аз толибон хост аз фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон алайҳи кишварҳои ҳамсоя ҷилавгирӣ кунанд

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Намояндаи доимии Покистон дар СММ Мунир Акрам гуфт, ки Покистон аз талошҳо дар заминаи аз байн бурдани гурӯҳҳои террористӣ бо эҳтиром ба ҳокимият ва тамомияти арзии Афғонистон ҳимоят мекунад.

Вай изофа кард, ки ҷаҳон бояд ба таъаҳҳудоти худ дар заминаи кумакҳои башардӯстонаи 4,2 миллиард долларӣ ба Афғонистон амал кунад.

Ин изҳороти намояндаи Покистон дар ҳолеаст ки Шаҳбоз Шарифи нахуствазири Покистон низ ахиран дар Маҷмаъи умумии Созмон милал гуфта буд, ки Исломобод ҳамонанди кишварҳои дигари нигарони фаъолияти гуруҳҳои террористӣ аз Афғонистон аст.

Дар вокуниш ба ин изҳорот, Шермуҳамад Аббосистонакзай, муовини вазири хориҷаи ҳукумати толибони рӯзи гузашта аз мақомҳои покистонии хост, ки даст аз сар Афғонистон бурдоранд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button