Хабарҳо

ВКД: Сарнавишти русиягиҳоро қонунгузории Русия маълум мекунад

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон шароити таслим кардани шаҳрвандони Русияро, ки имрӯзҳо ба Тоҷикистон паноҳ мебаранд, баён кард

ДУШАНБЕ, 19 сен – Sputnik. Пас аз эълони сафарбаркунии умумӣ дар Русия иддае аз шаҳрвандони ин кишвар ба кишварҳои дигар, аз ҷумла Тоҷикистон паноҳ мебаранд.

Сухангӯи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, Нусратулло Маҳмадзода, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳамкории ниҳодҳои қудратии Тоҷикистону Русия дар дойираи Интерпол ва шартномаҳои имзошуда миёни кишварҳо танзим мекунад.

“Бино ба онҳо, ду кишвар муваззафанд, ки ҷинояткоронро ба якдигар таслим кунанд. Дар шароити кунунӣ агар як нафар дар Русия аз мизи ҳарбӣ ё аз қисми ҳарбӣ ё бо силоҳу либоси низомӣ тарки вазифа карда, ба як кишвари дигар, фирор карда бошад, тибқи қонунгузории Русия муҷозот мешавад. Дар ҳоли паноҳ бурдани ӯ дар Тоҷикистон ё ягон кишвари дигар Русия метавонад тақозои боздошту истирдоди ӯро кунад”, — гуфт Нусратулло Маҳмадзода.

Бино ба тағйироти ҷадид дар қонунгузории Русия, барои саркашии аз ширкат дар амалиёти ҷангӣ як сарбоз акнун бо 10 соли зиндон ва фирор аз хидмат дар даврони басиҷ дар Русия як нафар ба 15 соли ҳабс маҳкум мешавад.

Сухангӯи ВКД-и Тоҷикистон афзуд, тағйирот дар қонунгузории Русия нав ба миён омадааст ва фармон нав имзо шудааст, акнун ба қонунгузории Русия бастагӣ дорад, ки критерияи ҷиноятро чӣ гуна бандубаст мекунад, инро, ки ҷинояти байнулмилалӣ аст ё дохилӣ.

“Як нафаре, ки аз сӯи Русия ҷинояткор эълон шавад ва дар Тоҷикистон паноҳ бурда бошад, тибқи шароити ҳамкориҳо дар дойираи Интерпол ва созишномаҳои ҳамкории ниҳодҳои қудратии миёни кишварҳо, ки ҳамшарик ва субъекти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ҳастанд, боздошт ва истирдод хоҳад шуд. Аммо то ба ҳол чунин мавриде дар Тоҷикистон сабт нашудааст”, — гуфт Нусратулло Маҳмадзода.

Тарки дастҷамъонаи шаҳрвандони Русия аз кишвар дар пайи эълони басиҷи умумие сурат мегирад, ки аз сӯи раҳбарияти Русия эълон шуд. Ҳоло шаҳрвандони Русия ба кишварҳои умдатан собиқ Шӯравӣ паноҳ мебаранд, ки Тоҷикистон яке аз онҳост.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button